24 марта 2020 года в 21:37
КИБЕР ДУЗД
Асри 21 асри фановариҳои ҷадид аст ва ин ҳама навовариҳои техникаву технология наметавонад насли наврас ва ҷавононро бетаъсир монад. Дар шароити имрӯза кӯдакон ҳатто мактаб нарафта дар компютер ва технологияи ҷадид кор мекунанд. Пешсафони онҳо аввалин ҳарфҳояшон низ электронӣ аст.Албатта ин ҳама пешравиҳо ҷиҳати мусбию манфии худро дорад, аммо мавзӯи мо дар бораи он афроде меравад, ки аз овони наврасӣ ба кибер дуздӣ машғуланд.Воқеае ки алҳол бароятон рӯи коғаз овардем бофта нест, соли 2014 бо яке аз омӯзгорон рух додаасn, ки писараш аз корташ маблағ медуздид.Омузгоре дар як ҳолати хашмгин назди корманди бонк омада гуфт:Ин масъулиятшиносии Шумо дар ҳамин инъикос меёбад, ки пулҳои ман аввал дирам дирам нест мешуданд акнун ба сомонӣ дуздӣ сар кардед.Хуб буд ҳамон тарзе ки қабл маош мегирифтем, на гапу калоча буду на саргардонӣ.Ором шавед муаллимаҷон ором бошед.Гуфт, корманди бонк мушкил нест ҳоло ҳама амалиётҳои кортатонро чоп карда онро тафтиш мекунем.Ба муаллима як пиёла об оварда нӯшед ором мекунад гуфт корманди бонк.Раҳмат духтарам бахшиш ки ман аввал салом нагуфта каломро шурӯъ кардам.Не ҳеҷ гап не дар соҳаи хизматрасонӣ инхел ҳолатҳо зиёданд.Духтарҷон рости яку якбора кам шудани бақияи маблағи кортиам сахт асабиям кард, шояд ҳоло фишори хунам ҳам баланд бошад.Муаллимаҷон зиқ нашавед ҳоло ҳамааш ошкор мешавад, зеро дар бонк ҳар як дирам ҳисобу китоб дорад, маблағ дар бонк гум намешавад, балки тариқи амалиёт аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар мегузарад ва ё тарқи нақд хароҷот мешавад, гуфт корманди бонк.Бади чоп кардани амалиёт корманди бонк як як амалиётҳоро тафтиш кард ва муайян гардид, ки маблағи муайяне доимо аз суратҳисоби корт хароҷот шудааст.Ин маблағҳо тариқи смс банкинг ба телефони мобилӣ гузаронида шудаанд, ки бади ошкор намудани рақам муайян гардид, ки рақамҳо аз писараш ва боқимонда рақамҳои ношинос буданд.Муаллима оҳи сарде кашида, ба корманди бонк бо хиҷолат нигоҳ карда гуфт:- ҳама меҳнату заҳматамон баҳри фарзандон, лекин амалҳое мекунанд, ки шахс дилозурда мешавад.Муаллима дарҳол ба писараш занг зада бачам дар куҷоӣ гуфт, зуд хона биё кори муҳиме дорам.Муаллима аз корманди бонк узрхоҳи карда баромада рафт.Бади як моҳ муаллима дар вақти гирифтани маош ба назди корманди бонк даромада, бори дигар узрхоҳи карда, варақи амалиётҳои бонкиро дар наздаш монда, асли воқеаро нақл кард.Писари муаллима аз смс банкинг огаҳӣ ёфта дар вақти барояш мусоид аз телефони модар пинҳонӣ маблағро ба рақамҳои телефонаш гузаронида смс хабари омадаро аз телефон тоза мекардааст.Оҳиста оҳиста кор ба дараҷае расидаачт, ки ӯ аз дӯстонаш хоҳиш мекардааст, ки пулро тариқи термрналу марказҳои дилери нагузаронед ба ман диҳед ман бе комиссия ба Шумо мегузаронам гуфта ба худ мизоҷ ҷалб намудааст.Бади амалиётҳои муввафақ писарбача пулҳоро гирифта барои вахтгузаронӣ сарф мекардааст, ки оқибат бади зиёд шудани амалиёт ва пай бурдани модараш ин амали ноҷояш дер давом накард. Ҳамватанони азиз! Боз ҳушдор медиҳем, ки ин тахаюли нависанда нест, балки воқеате аз рӯзгор аст ва ин ҳодисаҳо қатрае аз баҳр аст.Бетараф набошед ҳамакнун дар соли 2020 қарор дорем ва ин амалиётҳо ҳама ҷадидтару фарзандонатон, низ донотар шудаанд.Телефонҳои ҳамроҳи худро бе рамз намонед, кортҳои пардохтиатонро бе назорату якҷо бо пинлифофааш нагузоред, зеро зарари молиявӣ аввал аз наздикон ба вуқӯъ мепайвандад.